Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Клеопатра" оламро падруд гуфт


Элизабет Тейлор дар нақши Клеопатра

Элизабет Тейлор дар нақши Клеопатра

Яке аз маъруфтарин ҳунармандони синамои қарни 20-ум Элизабет Тейлор оламро падруд гуфт.

Ба иттилоъи намояндаи ӯ, хонум Тейлор дар бемористони Лос-Анҷелес бар асари маризии қалб даргузаштааст. Ситораи синамо 79 сол дошт.

Тайи 50 соли ҳунарварӣ Элизабет Тейлор дар даҳҳо филмҳо нақш офарида, ду бор – барои нақшҳои занона дар филмҳои “Баттерфилд, 8” ва “Кӣ аз Вирҷиния Вулф метарасад?” соҳиби пайкараҳои тиллоии “Оскар” – бонуфузтарин ҷоизаи олами синамо шуда буд. Яке аз беҳтарин офаридаҳои ӯ нақши Клеопатра маҳсуб мешуд, ки соли 1963 рӯи навор омада буд.

Соли 1997 маҷаллаи бритониёвии “Эмпайр” хонум Тейлорро ба феҳристи сад ҳунарманди маъруфи ҳама давру замон ва миллатҳо шомил карда буд.
XS
SM
MD
LG