Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Парлумони Яман пешниҳоди раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳро барои тӯли 30 рӯз ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар кишвар пазируфт.

Пешниҳоди раисиҷумҳур дар ҳоле ироа шуд, ки намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Яман торафт афзоиш меёбанд.

Вакилон аз аҳзоби мухолиф дар раъйдиҳӣ ширкат накарданд.

Бар пояи қонуни қабулшуда, амали Қонуни асосӣ мутаваққиф ва баргузории намоишҳои эътирозӣ манъ карда мешавад. Ҳамчунин мақомот метавонанд шаҳрвандонро бидуни далел боздошт кунанд ва дар матбуот сензура ҷорӣ намоянд.

Дар беш аз як моҳи намоишҳои эътирозии оммавӣ дар задухӯрд бо кормандони полис даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар Яман хабарнигорон ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ мавриди таъқиб қарор доранд.

Алӣ Абдулло Солеҳ 32 сол боз раисиҷумҳури Яман аст.
XS
SM
MD
LG