Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алексеева барои як раҳпаймоӣ дар Маскав иҷозат гирифт


Людмила Алексеева
Людмила Алексеева
Шаҳрдории Маскав раҳпаймоии ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифин ба нишони ҳимоят аз озодии гирдиҳамоиро расман иҷозат дод. Ин тазоҳурот ба рӯзи 31 март барномарезӣ шудааст. Шаҳрдории пойтахти Русия аммо қаблан дархости баргузории боз як чунин раҳпаймоӣ дар ҳамон рӯзи 31 мартро радд кард. Людмила Алексеева, ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар ва аз созмондиҳандагони раҳпаймоии муҷоз, гуфт, тарафдорони онҳо дар назди ҳайкали Пуштин ҷамъ хоҳанд шуд.
Эдуард Лимонов, раҳбари ҷунбиши мухолифи “Русияи дигар” гуфт, онҳо қатъи назар аз радд шудани дархосташон рӯзи 31 март дар майдони Пирӯзӣ гирди ҳам омада, ба самти Майдони сурх, майдони марказии Маскав раҳпаймоӣ хоҳанд кард.
Мақомоти Санкт-Петербург дар ҳамин ҳол ба мухолифин иҷозат надоданд, ки рӯзи 31 март ба нишони ҳимоят аз банди 31-уми Қонуни асосии Русия, ки озодии гирдиҳамоиро тазмин медиҳад, ташкили раҳпаймоӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG