Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳ аз имкони ҷанги шаҳрвандӣ дар Яман ҳушдор дод


Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ ҳушдор дод, ки дар кишвар метавонад ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шавад. Ба гуфтаи ӯ, талошҳои табаддулоти давлатӣ дар Яман боиси даргириҳо дар дохили кишвар хоҳад шуд.

Ду рӯз пеш чанд тан аз низомиёни воломақоми яманӣ бо мухолифин пайвастанд.

Имрӯз дар шаҳри Ал-Мукалла, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар, миёни сарбозони артиш ва горди инқилобии вафодор ба раисиҷумҳур Солеҳ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Ду тан аз сарбозони артиш кушта шуданд.

Баъд аз тирандозӣ сӯи эътирозгарон дар шаҳри Санъо, ки мунҷар ба ҳалокати 50 нафар шуд, Яманро мавҷи нави эътирозҳо фаро гирифтааст. Тазоҳургарон истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG