Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вогузории назорати як бахши Афғонистон бар ӯҳдаи афғонҳо


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай номгӯи вилояту шаҳрҳоеро эълон кард, ки назорати амнияти онҳо моҳи июли соли равон аз нерӯҳои байнулмилалӣ ба мақомоти маҳаллӣ интиқол меёбад.

Ба ин феҳрист вилоятҳои нисбатан ороми Кобул, Панҷшер ва Бомиён, ҳамчунин шаҳрҳои Ҳирот, Мазори Шариф, Меҳтарлам дар вилояти Лағмон ва Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд шомил шудаанд.

Раванди интиқоли назорати амният ба нерӯҳои афғон бояд то охири соли 2014 – то замони хуруҷи ҳама нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон поён ёбад.
XS
SM
MD
LG