Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои фарҳангии Эрон имрӯз оғоз мешавад


Имрӯз як ҳайати бузурги фарҳангии Эрон, иборат аз 120 нафар, таҳти раҳбарии вазири фарҳанги он кишвар Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ вориди Душанбе мешавад. Ин ҳайат дар Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, ки имрӯз, 23 март оғоз ёфта, 5 рӯз, то рӯзи 27 март идома хоҳад кард, ширкат мекунад. Тайи 20 соли ахир барои аввалин бор чунин маъракаи густардаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Абдуҷаббори Абдуғаффор, раиси дастгоҳи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳайъати Эрон ҳамроҳ бо худ теъдоди бузурги дискҳои адабӣ ва 25 000 нусха китоб ҳам меорад, ки баъди анҷоми Рӯзҳои фарҳангии Эрон ба сурати ройгон ба китобхонаи нави миллии Тоҷикистон эҳдо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG