Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз нирӯгоҳи Фукушима дигарбора дуд хест


Имрӯз аз реакторҳои тахрибшудаи нирӯгоҳи ҳастаии Фукушимаи Ҷопон дигарбора дуду буғ ба ҳаво баланд шуд. Ҳарчанд вазъ дар ин нирӯгоҳи баъди заминларзаи 11 рӯзи пеш тахрибшуда хеле ҷиддӣ боқӣ мемонад, мудири кулли Ожонси байналмилалии нирӯи ҳастаӣ Юкио Амано гуфт, ба рафъи муассири буҳрон шакке надорад. Вале ӯ ба шӯрои мудирони ин ниҳоди СММ гуфтааст, “нақши амнияти ҳастаӣ шояд ба бозбинӣ зарурат дошта бошад.” Коргарон дар нирӯгоҳи Фукушима талош доранд, реакторҳо ва ҳавзҳои маводи сӯхти истифодашударо ба хотири пешгирӣ аз хуруҷи радиатсия сард кунанд. Муҳандисон ҳам талош доранд, ҳамаи 6 реактори нирӯгоҳро дубора ба хутути барқ пайваст намоянд.
XS
SM
MD
LG