Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Тоҷикистон дар рӯзи 22 март


Имрӯз, 22 март, дар рӯзи дуввуми тантанаҳои наврӯзӣ, ҳавои Тоҷикистон асосан софу беғубор ва танҳо дар Кӯлобу Хоруғ камабр дар назар дошта шудааст. Ба навиштаи расонаҳои ҳавошиносӣ, ҳарорат имрӯз дар Душанбе -19, дар Кӯлоб – 18 ва дар Қӯрғонтеппа то 22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар Ғарм имрӯз то 7 ва дар Хоруғ ҳаво то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд, ки барои ин фасл дар ин мавзеъҳои кӯҳистонӣ ҳавое маъмулист. Аммо бо вуҷуди софу беғубор буданаш имрӯз дар Хуҷанд ҳарорат танҳо 9 дараҷа гармиро нишон хоҳад дод, ки дар муқоиса бо рӯзҳои гузашта мулоимтар аст.
XS
SM
MD
LG