Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътилоф ҳамла ба нерӯҳои Қаззофиро идома медиҳад


Низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ шаби гузашта бомборони нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Либияро идома доданд.

ИМА изҳор намуд, ки айни ҳол дар ҳарими ҳавоии Либия минтақаи мамнӯъ барои парвозҳо муқаррар шудааст. Пентагон пешниҳоди оташбасро, ки рӯзи ҷумъа Қаззофӣ эълон карда буд, рад намуд ва изҳор намуд, ки нерӯҳои Қаззофӣ оташбасро билофосила баъд аз эълони он халалдор карда буданд.

Ахиран Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, дар бораи назорат аз болои амалиёти Эътилофи байнулмилалӣ гуфт, ки "масъалаи интиқоли назорати асосӣ шояд дар чанд чанд рӯз ҳал шавад. Мо ҷонибдорӣ аз Эътилофро идома хоҳем дод, мо узви Эътилоф хоҳем буд, вале мо дар он нақши низомиро мебозем ва аммо ин нақши асосӣ нахоҳад буд".

Бар пояи хабарҳо аз Либия, дирӯз дар Триполӣ садои таркиш ба гӯш мерасид, қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ тахриб дидааст.

Хабаргузории ДПА бо такя ба расонаҳои Либия иттилоъ дод, ки Қаззофӣ имрӯз ҷонибдорони худро барои раҳпаймоии осоишта сӯи шаҳри Бенғозӣ даъват кардааст. Бенғозӣ дуввуми шаҳри бузурги Либия таҳти назорати ошӯбгарон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG