Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи талошҳои Ҷопон дар нерӯгоҳи Фукушима


Ҷопон талошҳо барои монеъ шудан ба гудозиши милаҳои сӯхти атомӣ дар реакторҳои нерӯгоҳи осебдидаи Фукушимаро тақвият дод. Чархболҳои низомӣ ва мошинҳои обпошӣ ба болои реакторҳои беш аз ҳад гармшудаи нерӯгоҳ оби зиёде рехтанд, ки сард шаванд. Хати нави интиқоли нерӯи барқ ба нерӯгоҳи Фукушима кашиданд, то системаи сардкунии онро ба кор андозанд. Айни замон Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бо гурӯҳе аз коршиносон барои арзёбии вазъ дар нерӯгоҳ дар шаҳри Токио қарор дорад. Аз бими афзоиши радиатсия, кишварҳои хориҷӣ ба шаҳрвандонашон тавсия додаанд, то Ҷопонро тарк кунанд.Заминларзаи қавии рӯзи ҷумъаи гузашта, садамаи сахте ба нерӯгоҳи Фукушима ворид кард
XS
SM
MD
LG