Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон талош дорад реакторҳоро сард кунад


Дар Ҷопон талошҳо барои сард кардани реакторҳои ҳастаии ниругоҳи Фукушимо идома дорад. Баъд аз зилзилаи марговар ва тсунамӣ дар фаъолияти ин ниругоҳ нуқси фаннӣ пеш омад ва дар ҳар чаҳор реактори он инфиҷор рух дод ва он осеб дид. Ҳоло чархболҳои низомӣ барои сард кардани реакторҳо аз ҳаво об мепошанд, то аз об шудани таҷҳизоти сӯхт пешгирӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, нигаронӣ аз он бештар мешавад, ки дар дохили реактор моддаи плутониум бо сӯхти ҳастаӣ омехта будааст. Президент Барак Обама дар як сӯҳбати телефонӣ ба Наото Кан-нахуствазири Ҷопон гуфтааст, ки Амрико ҳар кӯмаки имкондоштаро дар ихтиёри Ҷопон мегузорад. Тахмин зада мешавад, ки дар зилзила ва тсунамии Ҷопон дастикам 4 000 нафар ҷони худро аз даст дода бошанд.
XS
SM
MD
LG