Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Қаззофӣ ба шаҳри Бенғозӣ наздик мешаванд


Нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ба шаҳри шарқии Бенғозӣ, такягоҳи аслии ошӯбгарон наздик мешаванд. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Либия, нерӯҳои ҳукуматӣ, шаҳри Аҷдабияро аз дасти ошӯбгарон пас гирифта ва ба зудӣ ба Бенғозӣ ҳаракат хоҳанд кард. Муаммар Қаззофӣ дирӯз дар як раҳпаймоӣ дар Троблус, пойтахти Либия ошӯбгаронро калламуш, саг ва хоинону риёкорон хонд. Айни замон дар Созмони Милал тарҳи қатъномае пешниҳод шудааст, ки дар он хоста мешавад, парвози ҳавопаймоҳои низомӣ дар осмони Либия мамнӯъ шавад. Аммо дирӯз, вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи Ҷи 8 дар шаҳри Порис робита ба ин масъала ва поён додан ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Либия ба мувофиқат нарасиданд.
XS
SM
MD
LG