Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амре, ки баҳоиёни Эронро хашмгин кард


Ба яке аз ҳафт пешвоёни зиндонии мазҳаби баҳоӣ дар Эрон иҷоза надодаанд, дар маросими дафни ҳамсараш ширкат кунад. Ҷамолиддин Ханҷонии 77-сола, ки се сол пеш ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, хостааст, то дар маросими дафни хонумаш Ашраф ширкат кунад, аммо ба ӯ ин иҷозаро надодаанд. Ҳамсари ӯ 81-солаи ӯ баъди беморӣ рӯзи 10 март даргузаштааст. Ҳафт тан аз пешвоёни мазҳаби баҳоӣ дар Эрон бо гуноҳи иқдом алайҳи амниятӣ миллӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва иттиҳомоти дигар ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаан. Дар Эрон 300 ҳазор нафар пайрави мазҳаби баҳоӣ ҳастанд ва пайваста аз табъиз ва нақзи ҳуқуқи худ шикоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG