Пайвандҳои дастрасӣ

Мизони ташаъшуъ дар атрофи ниругоҳи Ҷопон боло рафтааст


Ҷопон мегӯяд, баъд аз инфиҷори севвум дар реактори ниругоҳи ҳастаии ин кишвар мизони ташаъшуъ дар манотиқи атрофи ин ниругоҳ ба таври “қобили мулоҳиза” боло рафтааст. Наото Кан-нахустивазри ин кишвар аз сокинони манотиқи 30 километрии атрофи ниругоҳ хостааст, ки аз хонаҳояшон берун нараванд. Вай ҳушдор додааст, ки имкони хуруҷи ташаъшуъ дар оянда вуҷуд дорад. Нахуствазир гуфт:

“Ташаъшуъ аз ин реакторҳо паҳн шудааст ва сатҳи он зоҳиран хеле баланд аст ва ҳанӯз хатари хуруҷи маводи радиоактаивӣ вуҷуд дорад”.
Дар 250 километрии шаҳри Токио-пойтахти ин кишвар мизони ташаъшуъ каме боло рафтааст ва ширкати ҳавоии Air China парвозҳои худро аз шаҳрҳои Пекин ва Шонгҳой ба шаҳри Токио боздоштааст
XS
SM
MD
LG