Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар Қанъони Ироқ


Таркиши мошини бомбгузоришуда дар наздикии хобгоҳи артиш дар вилояти Диёлаи Ироқ мунҷар ба ҳалокати дастикам 8 нафар ва ҷароҳат бардоштани теъдоди бештари мардум шуд. Таркиш дар як пойгоҳи низомӣ дар Қанъон, 70-километрии шимолушарқи Бағдод, рух додааст. Бино ба бархе хабарҳо, ин ҳамларо зоҳиран як бомбгузори маргталаб анҷом додааст. Мақомот мегӯянд, таркиш хобгоҳи артишро тахриб кард ва шумори бештари қурбониён шояд дар зери овори ин бино монда бошад.
XS
SM
MD
LG