Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи панҷсолаи рушди Чин тасвиб шуд


Сарвазири Чин Вен Ҷибао

Сарвазири Чин Вен Ҷибао

Иҷлоси солонаи парлумони Чин барномаи панҷсолаи рушди ин дуввумин иқтисоди бузурги дунёро тасвиб кард. Ин барнома ислоҳоти сохтории иқтисод, афзоиши даромади соҳоти кишоварзӣ ва ташвиқи суботи иҷтимоиро дар назар дорад.Аммо сарвазири Чин Вен Ҷибао имрӯз дар як нишасти хабарӣ фасодро бузургтарин таҳдид барои Пекин номид: “Фасод бузургтарин хатар аст. Мо бояд роҳи ислоҳоти сохториро пеш бигирем, то заминаҳои нумӯъи фасодро аз байн бубарем.”
Тасвиби ин барнома аз сӯи наздики 3000 вакили Конгресси миллӣ ба иҷлоси даҳрӯзаи ин ниҳод дар Толори бузурги мардумии Пекин нуқтаи таммат гузошт. Вен Ҷибао 5 соли ояндаро барои ислоҳи сохтори иқтисоди ин кишвар хеле муҳим номид.
XS
SM
MD
LG