Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Реактори севвуми Фукушима низ дучори мушкил шуд


Дуде, ки имрӯз аз нирӯгоҳи ҳастаии Фукушима баланд шуд
Дуде, ки имрӯз аз нирӯгоҳи ҳастаии Фукушима баланд шуд
Мақомоти Ҷопон мегӯянд, дар нирӯгоҳи ҳастаии Фукушима, ки дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи ҷумъа тахриб шуд, дастгоҳи сардкунандаи реактори севвум низ аз кор мондааст.11 нафар ҷароҳат бардоштаанд, вале ба гуфтаи мақомот, асоси реактори севвум бар асари таркиши субҳи душанбе тахриб нашудааст.
Дабири кобинаи вазирони Ҷопон Юкио Эдано дар Токио ба хабарнигорон гуфт: “Таркиш зоҳиран монанди таркиш дар реактори аввал буд. Мо амри кӯчонидани мардумеро, ки дар радиуси 20 километр аз нирӯгоҳ ба сар мебаранд, содир кардем ва ба ин мардум гуфтем, ки билофосилае хориҷ шаванд.”
Қаблан ду реактори дигари ин нирӯгоҳ низ ба дунболи инфиҷорҳо ба айни мушкил рӯбарӯ шуданд. Мақомоти масъули нирӯгоҳи Фукушима, воқеъ дар ҳудуди 240-километрии шимолушарқи Токио, дирӯз гуфтанд, ки мизони радиатсия аз ҳадди амн хориҷ рафтааст, вале таҳдиди билофосилае ба сиҳҳати мардум надорад.
Матбуоти Ҷопон мегӯяд, имрӯз дар соҳилҳои вилояти аз тсунамӣ зиёни бештар дидаи Миягӣ 2000 ҷасад ёфт шудааст. Сарвазири Ҷопон Наото Кан офоти ахири табииро бадтарин буҳрон барои ин кишвар аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон номид.
XS
SM
MD
LG