Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз самти таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон


Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико, дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегӯяд, кишвараш аз суръат ва самти таҳаввулоти сиёсӣ дар Тоҷикистон нигарон аст ва муколама бо давлати Тоҷикистонро дар ин замина идома медиҳад. Охири ҳафтаи гузашта зимни гузориш ба Кумитаи равобити умури хориҷии сенати Амрико, Роберт Блейк гуфтааст, вазъи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии эътиқод ва баён ва ҳамчунин шароити сармоягузорӣ баён мояи нигаронии Иёлоти Муттаҳида аст. Роберт Блейк, Тоҷикистонро давлати шикананда ва дар минтақаи ноором хонда ва гуфтааст, кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон бо ҳадафи таъмини амният ва фароҳам кардани шароит барои рушди иқтисодӣ ва демократисозии он аст.
XS
SM
MD
LG