Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе дар пайгард будани Исломовро радд кард


Мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳти пайгарди Душанбе қарор доштани Баҳромқул Исломовро радд мекунанд. Ин шаҳрванди 57-солаи Тоҷикистон шаби панҷшанбе дар боздоштгоҳи шаҳри Красноярски Русия ба гулӯи худ теғ зада, худкушӣ кардааст. Мақомоти Русия қаблан гуфтанд, ки Баҳромқул Исломов дар Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ҷустуҷӯ мешуд ва парвандаи истирдоди ӯ ба Душанбе ҳанӯз дар дасти баррасӣ қарор дошт. Ба гуфтаи онҳо, Исломов намехост ба Тоҷикистон мустарид шавад ва ғолибан ба ҳамин хотир даст ба ҷони худ зад. Аммо мақомоти Душанбе мегӯянд, ки ӯ таҳти пайгарди онҳо қарор надошт. Ҳамроҳ бо Исломов як маҳбуси рус низ қасди худкушӣ кардааст, вале гуфта мешавад, ки Василий Паршини 32-соларо наҷот додаанд.
XS
SM
MD
LG