Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ аз ҳамлаҳои дақиқ дар Либия ҳимоят мекунад


Саркозӣ ва Камерон дар Брюссел
Саркозӣ ва Камерон дар Брюссел
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, дар сурати истифодаи ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ аз таслиҳоти кимиёӣ ва ҳамалоти ҳавоӣ болои мардум, Фаронсаву Бритониё аз ҳамлаҳои ҳадафмандона дар Либия пуштибонӣ мекунанд. Саркозӣ дар ифтитоҳи нишасти сарони ИА дар Брюссел гуфт, ӯву сарвазири Бритониё Девид Камерон бар инанд, ки чунин ҳамлаҳо бояд "комилан дифоъӣ" бошанд. Саркозӣ гуфт, чунин иқдомот бояд танҳо бо иҷозати Шӯрои Амнияти СММ, таҳти ҳимояти Лигаи давлатҳои арабӣ ва бо дархости худи чирикиҳои Либия анҷом шавад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар нишасти сарони ИА гуфт, Қаззофӣ бояд билофосила истеъфо диҳад. Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои Қаззофӣ ҳамла алайҳи чирикиҳо дар бандари нафтии Рослонуфро бо истифода аз тонкҳову киштиҳои ҷангӣ идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG