Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тсунамӣ соҳилҳои шимолушарқи Ҷопонро шуст


Имрӯз дар пайи як заминларзаи 8,9-баллӣ мавҷи чандметрии тсунамӣ соҳилҳои шимолушарқи Ҷопонро шуст. Наворҳои тавассути чархбол бардошташуда ҳокии обхезии хеле сахт дар шаҳрҳои бандарии шимоли Ҷопон аст.Мавҷи об тамоми чизро дар роҳаш, бо шумули мошинҳову киштиҳо ва сохтмонҳо шуста мебурд. Гӯяндаи телевизиони ҷопонии NHK дар шарҳи ин наворҳо гуфт: «Чунин ба назар мерасад, ки тсунамӣ бандари Камийширо ба коми худ фурӯ бурд.»
Заминларзаи сангин, ки чанд пасларзае ҳам ба дунбол дошт, боиси оташсӯзиҳо, аз ҷумла дар як корхонаи тасфияи нафт ва як корхонаи фӯлодгудозӣ шудааст. Дар бораи ҳалокати як нафар ва ҷароҳат бардоштани чандин тани дигар гузориш шудааст, вале шумори қурбониён метавонад биафзояд.
XS
SM
MD
LG