Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи БҶ барои иштиғоли ҷавонони бекор дар Тоҷикистон


Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои тарҳҳои рушди фаъолияти соҳбкорӣ ва иштиғоли ҷавонон 2 миллиону 100 ҳазор доллар ихтисос додааст. Дар ин бора дар матбуот хабар ба нашр расидааст. Баъд аз 20-ӯми март дар Тоҷикистон ба ҷавонони бекор барои пешбурди соҳибкорӣ қарз медиҳанд. Мизони ин қарзҳо аз 200 то 700 долларро ташкил медиҳад ва он барои се моҳ бидуни дарсад дода мешавад. Аз моҳи январ то ҳол 250 ҷавони бекор дар давраҳои омӯзишии соҳбкорӣ таълим мегиранд. Мумкин аст ин тарҳи Бонки Ҷаҳонӣ то соли 2013 дар Тоҷикистон давом кунад.
XS
SM
MD
LG