Пайвандҳои дастрасӣ

IRS довталаби бунёди роҳи Душанбе-Турсунзода шуд


Ширкати «Innovative Road Solutions Ltd» хостори ширкат дар тендер барои бунёди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбакистон шуд. Дар ин бора хабаргузории Азия плюс иттилоъ дод.

Намояндагони IRS мегӯянд, ки ширкат дар бахши бунёд ва истифодаи роҳ таҷрибаи кофӣ ҳосил кардааст ва барои бунёди роҳ техникаи заруриро дар ихтиёр дорад.

Тендер барои интихоби ширкате, ки татбиқи тарҳи роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбакистонро бар дӯш хоҳад дошт, рӯзи 16 март баргузор мешавад.

Айни ҳол, ба итилоъи вазорати нақлиёти Тоҷикистон, барои ширкат дар тендер 40 ширкат аз Чин, Туркия, Италия, Короеяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо изҳори омодагӣ кардаанд.

Ғолиби тендер дар ибтидои семоҳаи дуввуми соли равон бояд ба бунёди роҳ шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG