Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Суғд 11 нафарро ба зиндон маҳкум кард


Додгоҳи вилояти Суғд дирӯз 11 нафарро бо гуноҳи узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизб –ут-Таҳрир ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум кард. Ба иттилоъи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, тамоми маҳкумшудагон сокинони ҳамин вилоят ҳастанд ва тайи чанд моҳи ахир боздошт шуданд. Додгоҳ онҳоро ба барангехтани адовати милливу мазҳабӣ, даъват барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ ва узвият дар гурӯҳҳои ифрогтаро гунаҳкор дониста ва барои аксарияти онҳо аз 13 то ба 20 соли зиндон ҷазо муқаррар кардааст. Танҳо яке аз онҳоро ба чаҳор соли зиндон маҳкум кардаанд. Ҳадафи Ҳизб Ут Таҳрир, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, таъсиси Хилофати Исломӣ дар қаламрави тамоми Осиёи Марказист.
XS
SM
MD
LG