Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Британия вазъи Либияро баррасӣ карданд


Дэвид Камерон ва Барак Обама
Дэвид Камерон ва Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Дэвид Камерон-нахуствазири Британия дар бораи бӯҳрони Либия бо ҳам гуфтугӯ карданд. Кохи Сафед мегӯяд, дар музокироти ҳар ду ҷониб имкони минтақаи ғайрипарвоз эълон кардани фарози Либия дар маркази таваҷҷуҳ буд. Қаблан хонум Ҳилларӣ Клинтон гуфта буд, ки минтақаи ғайрипарвоз эълон кардани ҳарими ҳавоии Либия ба СММ вобаста аст. Дар ҳамин ҳол нируҳои вафодор ба Қаззофӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳову тонкҳо ва тупхона талош доранд шаҳракҳоро аз шӯришиён дубора зери контроли худ дароранд.
XS
SM
MD
LG