Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти амниятиро аз Искандария мекӯчонанд


Ҳокимони низомии Миср дар пайи задухӯрдҳои шаби ҷумъа бо тазоҳургарон ҷиҳати кӯчонидани дафтарҳои хадамоти амният аз Искандария, дуввумин шаҳри бузурги Миср, амр додаанд. Гуфта мешавад, бар асари оташи афсарони амниятӣ дар Искандария то 3 нафар аз эътирозгарон ҷароҳат бардоштаанд. Рӯзи ҷумъа тазоҳургарон ҳам дар Искандария ва ҳам дар Қоҳира аз ҳокимони низомии Миср барҳам додани хадамоти амнияти давлатиро талаб мекарданд. Ин хадамот ба даст доштан дар хушунатҳо алайҳи эътирозгарони зидди давлати Ҳуснӣ Муборак, ки беш аз 350 кушта ба ҷо гузошт, айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG