Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон


Бозиҳои варзишии Тоҷикистон аз 26-уми март то 15-уми майи соли равон баргузор хоҳанд шуд.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таърих ва макони баргузории мусобиқотро аз рӯи барномаи ин бозиҳо тасдиқ кардааст.

Наргис Набиева, сардори раёсати варзиши ин Кумита ба радиои Озодӣ гуфт, Бозиҳои варзишӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Вай афзуд: “Бозиҳо аз се марҳила иборатанд. Марҳилаи аввал- мусобиқот дар шаҳру навоҳии кишвар, марҳилаи дуввум - мусобиқоти вилоятиву минтақавӣ ва марҳилаи саввум - мусобиқоти ниҳоӣ. Ба барномаи Бозиҳо 12 навъи варзиш – баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, тенниси рӯи миз, таэквон-до ИТФ, инчунин, 5 навъи гуштӣ - миллӣ, озод, юнониву румӣ, дзю-до ва самбо шомиланд. Занон дар 5 намуд – баскетболу волейбол, варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва таэквон-до рақобат хоҳанд кард”.

Ба иттилои Наргис Набиева нахуст паҳлавонон дар сабқати гуштии миллӣ, ки рӯзҳои 26-ум ва 27-уми март дар ноҳияи Рашт барпо мегардад, ширкат меварзанд. Авоили моҳи апрел дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкаловск гуштигирони юнониву румӣ ва озод қувваозмоӣ мекунанд.

Мусобиқот дар навъҳои дигари варзиш аз 11-ум то 15-ум май дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи ҷавонон” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат ва Турсунзода доир хоҳад шуд.

Тақвими Бозиҳои варзишии Тоҷикистон


Гуштии миллӣ
26-27 март. Рашт.

Гуштии юнониву румӣ
5-6 апрел. Хуҷанд.

Гуштии озод
8-9 апрел. Чкаловск.

Варзиши сабук
11-12 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.

Таэквон-до (ИТФ)

11-12 май. Душанбе. Қасри теннис.

Бокс
11-14 май. Қӯрғонтеппа. Боғи фарҳанги шаҳр.

Баскетбол
11-15 май. Хуҷанд. Мусобиқаи мардон ва занон.

Волейбол
11-15 май. Душанбе. Қасри варзиши иттифоқҳои касаба. Мардон ва занон.

Тенниси рӯи миз
11-15 май. Кӯлоб.

Самбо
12 -13 май. Турсунзода. Маҷмааи варзишии «Самандар-асриХХI ».

Вазнабардорӣ
13 -14 май. Ваҳдат.

Дзю-до

14-15 май. Душанбе. Толори бозиҳои дастӣ (Манеж).
XS
SM
MD
LG