Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Тоҷикистон дар САҲА ба сафири Амрико посух дод


Нуриддин Шамсов-намояндаи Тоҷикистон дар САҲА дар посух ба суханронии Ян Келлӣ-намояндаи Амрико дар ин созмон дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои Доимии ин созмон дар Вена суханронӣ кард. Намояндаи Тоҷикистон гуфт, қонуни Тоҷикистон дар бораи озодиҳои мазҳабии Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванд озодии интихоби динро фароҳам меорад ва Тоҷикистон тааҳҳудоти байналмиллалии худ, аз ҷумла уҳдадориҳо дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо бо САҲА-ро дар бораи озодии дин риоят мекунад. Ян Келлӣ-намояндаи Амрико дар ин созмон қаблан дар суханрониаш гуфта буд, дар Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодшудаи қонун «дар бораи масъулияти падару модарон» ҳар касро поёнтар аз синни 18-солагӣ аз ширкат дар ҷамъомадҳои мазҳабӣ манъ мекунад. Намояндаи Амрико дар САҲА гуфт, мо ҳукумати Тоҷикистонро ба он ташвиқ мекунем, ки ин банди лоиҳаи қонунро бекор кунад, зеро он заминаи нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабиро фароҳам меорад.
XS
SM
MD
LG