Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон кӯмак мекунад


Вазорати корҳои хориҷии Русия ба вазорати корҳои хориҷии Яман ёддошти дипломатӣ фиристод ва дархост кард, ки дар раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти гаравгонгирон кӯмак кунад. Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта афроди номаълуми мусаллаҳ Ҳомидҷон Очилбоеви 60 сола, шаҳрванди узбактабори Тоҷикистонро, ки дар Яман бо қарордоди ширкати “Техностройэкспорт”-и Русия кор мекунад, рабуданд. Ин кор дар вилояти Шабваи Яман рух дод.
XS
SM
MD
LG