Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши нокоми тарконидани мошини раҳбари Мадагаскар


Дар шаҳри Антананариву, пойтахти Мадагаскар, афроди ношинос талоши тарконидани мошини раҳбари феълии кишвар Андрӣ Радзуэлинро карданд. Дар ин ҳодиса ба сарвари кишвар ва ҳамроҳони ӯ осебе нарасидааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, сӯиқасд як рӯз баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки Радзуэлин, раҳбари маъмурияти давраи интиқолии Мадагаскар, бо намояндагони гурӯҳҳои бонуфузи гуногун дар бораи хатми бӯҳронии тулонии сиёсӣ дар кишвар созиш ҳосил кард.

Радзуэлин моҳи марти соли 2009 баъди он сари қудрат омад, ки раисиҷумҳур Марк Равалуманон аз сӯи низомиён аз мақомаш барканор шуд.
XS
SM
MD
LG