Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди мухолифони Яман ба раиси ҷумҳури гирифтор


Гурӯҳҳои мухолифи давлат дар Яман ба Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури гирифтори кишвар пешниҳод кардаанд, то охири соли равон аз мақомаш биравад. Ба гуфтаи сухангӯи мухолифон, “барномаи мазкур бо донишмандони динӣ” мувофиқа шудааст. Интизор меравад, ки имрӯз Абдулло Солеҳ, ба ин пешниҳод посух бидиҳад. Яманро тазоҳуротҳои густурда аз рӯзи 16 феврал то кунун ба ларза даровардааст, ки ширкатдорони он мехоҳанд, раиси ҷумҳур баъди 32 соли ҳукумат, аз мақомаш биравад. Дар ҷараёни тазоҳурот дар Яман то кунун 19 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG