Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони олам ҳамла ба вазири покистониро маҳкум мекунанд


Мошини хидматии вазир Шаҳбоз Бҳаттӣ
Мошини хидматии вазир Шаҳбоз Бҳаттӣ
Як идда аз сиёсатмадорону рӯҳониёни ҷаҳон куштори Шаҳбоз Бҳаттӣ, ягон вазири насронӣ дар ҳукумати Покистонро шадидан маҳкум карданд.

Раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон аз фазои «хушунату таҳаммулнопазирӣ» дар Покистон изҳори нигаронӣ намуд.

Попи Рум Бенедикти 16 гуфт, ки ин ҳодиса ба зарурати андешидани чораҳои оҷил барои дифоъ аз аққалиятҳои насрон таъкид мекунад.

Сӯиқасд ба ҷони вазир Шаҳбоз Бҳаттӣ, ки барои нармтар шудани қавонини Покистон дар робита ба тавҳини ислом талош мекард, дирӯз дар Исломобод ба вуқӯъ пайваст.

Масъулияти ин ҳамларо шабакаи «Ал-Қоида» ва гурӯҳи толибон дар аёлати Панҷоб бар дӯш гирифтаанд.

Ду моҳ пеш дар Покистон волии Панҷоб Салмон Тосир кушта шуда буд, ки ӯ низ хостори лағви ҳукми эъдом барои тавҳини ислом шуда буд.
XS
SM
MD
LG