Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Олмон аз мақомаш истеъфо дод


Карл Теодор зу Гуттенберг-вазири дифои Олмон
Карл Теодор зу Гуттенберг-вазири дифои Олмон
Карл Теодор зу Гуттенберг-вазири дифои Олмон, ки моҳи гузашта аз унвони илмии докториаш маҳрум шуд, аз мақомаш истеъфо дод. Вай барои рӯнависии корҳои илмии дигарон ба номи худаш муттаҳам шуда буд. Аз замони ошкор шудани ин моҷаро Гуттенберг зери фишор қарор дошт ва акнун аз тасмими истеъфои худ ба Ангела Меркел-нахуствазир ва Кристиан Вулф-раиси ҷумҳур хабар дод. Гуттенберг 39 сола аст ва яке аз вазирони ба истилоҳ “ояндадор” дар ҳукумати Олмон ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG