Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости уламои Арабистони саудӣ барои ислоҳот


Дар Арабистони саудӣ беш аз сад тан ходимони илм ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятӣ аз шоҳ Абдулло хостори ислоҳот шуданд.

Дар изҳороти онҳо, ки дар интернет нашр шудааст, аз авҷи таборгариву фасод дар кишвар нигаронӣ ва ба зарурати аз байн бурдани онҳо таъкид шудааст.

Дирӯз подшоҳи Арабистони саудӣ ба ҳукумат фармуд ҳама кормандони давлатиро, ки қарордоди муваққат доштанд, ба кори доимӣ гузаронад.

Ҳафтаи гузашта шоҳ Абдулло барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои қишрҳои камбизоати аҳолӣ 36 миллиард доллар ҷудо карда буд.
XS
SM
MD
LG