Пайвандҳои дастрасӣ

Арабистони саудӣ истихроҷи нафтро афзоиш дод


Арабистони саудӣ истихроҷи нафтро 700 ҳазор бушка афзоиш дода онро то ба 9 миллион бушка дар як рӯз расонд.

Дар ин бора хабаргузории Рейтер бо такя дар манобеаш дар ҳукумати Арабистони саудӣ иттилоъ додааст. Қаблан мақомоти кишвар гуфта буданд, ки барои ҷуброни норасии нафт дар бозори ҷаҳонӣ омодаанд.

Қимати нафт дар дар бозори ҷаҳон бар асари нооромиҳо дар Либия боло рафтааст. Дар ҳамин ҳол як намояндаи бахши нафти Либия ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки бо вуҷуди бӯҳрони дохилӣ Триполӣ истихроҷи нафтро коҳиш надодааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG