Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯёни узбак дар Қазоқистон паноҳ наёфтанд


Додгоҳи Алма-Ато ироаи ҳаққи паноҳандагӣ дар Қазоқистон ба 4 шаҳрванди Узбакистонро, ки дар зодгоҳи худ ба ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм айбдор мешаванд, радд кард. Додгоҳ қарор кард, ки Ойбек Қулдошев, Қобилҷон Қурбонов ва Баҳриддину Бахтиёр Нуруллоевҳо дигар ҳаққи будубош дар Қазоқистонро надоранд.
Ин 4 нафар ва 25 паноҳҷӯи узбак соли гузашта ҳамроҳ бо аҳли хонаводаҳои худ ба Қазоқистон омада, дар интизори баррасии дархости паноҳандагиашон то ҳол дар боздошт ба сар мебаранд. Мақомоти Узбакистон ҳамаи онҳоро ба даст доштан дар амалҳои ифротиву террористӣ айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG