Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Меҳдии Каррубӣ боздошт шуд


Як сайти интернетии эронӣ имрӯз гузориш дод, ки мақомот писари Меҳдии Каррубӣ, яке аз раҳбарони мухолифинро боздошт карданд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Алии Каррубӣ рӯзи 21 феврал ҳамроҳ бо ҳамсараш Нафиса Паноҳӣ боздошт гардид. Чанд соат баъди ин боздошт хонум Паноҳӣ озод шуд.

Айни замон Мирҳусайни Мусаввӣ, яке дигар аз раҳбарони нирӯҳои мухолифин баъди даъваташ аз мардум барои ширкат дар раҳпаймоии рӯзи 14 феврал ба нишони пуштибонӣ аз рӯйдодҳои Тунису Миср як ҳафта инҷониб дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.

Дар натиҷаи задухӯрди эътирозгарон бо полис рӯзи 14 феврал дасти кам ду нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG