Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар фикри бозгардони билофосилаи шаҳрвандонаш аз Либия мебошад


Саҳнае аз эътирозҳо дар шаҳри Тобруки Либия
Саҳнае аз эътирозҳо дар шаҳри Тобруки Либия
Бархе хабаргузориҳо бар пояи изҳороти раҳбари департамени матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон навиштанд, ки мақомот дар фикри бозгардони билофосилаи шаҳрвандони ин кишвар аз хоки Либия мебошанд.
Давлат Назрӣ гуфтааст, ки дар Либия ҳоло 21 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ҳамаи онҳо донишҷӯи донишгоҳи исломии Ад-Даво мебошанд.
Бо сабаби ин ки Тоҷикистон дар ин кишвари африқоӣ намояндагии дипломатии худро надорад, масъулияти иҷрои умури заруриро дар Либия сафорати Тоҷикистон дар Миср ба ӯҳда гирифтааст.

Оқои Назрӣ гуфт, ки сафири Тоҷикистон дар Қоҳира талош дорад бо донишҷӯён иртибот барқарор карда роҳи берун овардани онҳоро тавассути кишварҳои сеюм андеша дорад.


Дар хоки кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ, ки ҳоло бо намоишҳои сартосарии эътирозӣ рӯбарӯ шудаанд, беш аз якуним ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд, аксари онҳо донишҷӯ мебошанд.
XS
SM
MD
LG