Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони хориҷӣ аз Либия берун мешаванд


Авзоъ дар Либия мақомоти бисёр кишварҳоро барои дифоъ аз шаҳрвандони худ водор сохтааст. Маскав эълом дошт, ки 200 корманди ширкати "Роҳҳои оҳани Русия"-ро ба ватан интиқол медиҳад. Мақомоти Туркия аллакай ба кӯчонидани садҳо шаҳрвандони худ, ки дар муассисаҳои Либия кор мекунанд, шурӯъ кардаанд. Фаронса ба кормандони мактабҳои фаронсавизабони Либия тавсия кардааст, ки ба Ватан баргарданд.


Имрӯз вазъ аз Либия дар меҳвари нишасти вазирони хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюсел қарор дошт. Вазири умури хориҷии Британия Вилям Ҳейг дар ин нишаст изҳор намуд, ки баъд аз истифодаи нерӯ алайҳи эътирозгарон эътимод ба ҳукумати Либия аз байн рафтааст. Айни ҳол таҳияи санади ниҳоии нишаст дар робита ба авзоъ дар Либия идома дорад.


Имрӯз дар шаҳри Триполӣ, миёни мухолифони ҳукумат ва нерӯҳои амниятӣ бархӯрдҳои нав сурат гирифтанд. Бар пояи хабарҳо, эътирозгарон чанд бино, аз ҷумла, сохтмони ҳукумат ва бинои ширкати давлатии телевизиониро ба оташ кашиданд.


Сайфулислом, писари раҳбари Либия Муаммар Каззофӣ, дар як суханронӣ аз тариқи телевизион гуфт, ки эътирозгарон бархе аз пойгоҳҳои низомиро забт карда, силоҳи зиёдеро мусодира кардаанд ва Либия дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат то тири охирин барои дифоъ аз худ мубориза хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG