Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби манозилро комиссиюни ҳукуматӣ тафтиш мекунад


Мавзӯъи тахриби манозил дар ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакиро комиссиюни ҳукуматӣ тафтиш хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории Азия-плюс бо такя ба манбаъҳои расмӣ иттилоъ додааст. Имрӯз беш аз 30 сокини ин ҷамоат дар назди бинои раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омада, хостори ҳалли қазияи тахриби манзилҳояшон шуданд.

Намояндагони дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдиҳамомадагон ваъда доданд, ки шикояти онҳоро ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллӣ баррасӣ хоҳанд кард. Онҳо гуфтаанд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли рӯз 3 нафари онҳоро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Сипас, кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз ҷамъомадагон даъват карданд, ки пароканда шаванд.

XS
SM
MD
LG