Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тунис аз Саудия истирдоди Бен Алиро хостааст


Ҳукумати муваққати Тунис аз Арабистони Саудӣ истирдоди раисиҷумҳури барканоршудааш Зайналобуддин Бен Алиро тақозо кардааст. Кобинаи сарвазири Тунис Муҳаммад Ғаннушӣ дирӯз ба Риёз бо чунин мазмун дархости расмӣ фиристод. Бен Алӣ ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш аз 14 январ дар Саудия ба сар мебарад. Ҳукумати Бен Алӣ баъди 23 сол дар пайи эътирози мардум суқут кард. Ҳукумати муваққати Тунис з мақомоти Саудӣ ҳамчунин дар бораи вазъи сиҳҳати Бен Алӣ иттилоъ хостааст. Бино ба хабарҳо, ӯ ахиран ба ҳолати кома афтода, дар як бемористони Ҷидда таҳти табобат қарор дошт.
XS
SM
MD
LG