Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Олмон ба Эрон изҳори сипос кард


Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷии Олмон баъд аз раҳоии ду рӯзноманигори олмонӣ аз зиндоне дар Эрон ба ин кишвар сафар кард. Вай аз Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷии Эрон барои тааҳҳудоташ дар баробари ҳамкориҳои миёни ду кишвар" изҳори сипос намуд. Рӯзи шанбе додгоҳи Эрон ҳукми 20 моҳи зиндон барои ин ду рӯзноманигори олмониро лағв ва онҳоро баъд аз пардохти 50 ҳазор долларӣ ҷарима аз зиндон раҳо кард. Ин ду нафар моҳи октябри соли гузашта барои мусоҳиба бо писари Сакина Муҳаммади Оштиёнӣ, ки вайро барои зино маҳкум ба эъдом кардаанд, дар шаҳри Табриз боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG