Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди низоми ҳокими Либия ба тазоҳургарон


Кумитаҳои инқилобии Либия таҳдид кардаанд, ки ба эътирозҳои зидди низоми посухи «сахту шадид» хоҳанд дод.
Дар баёнияи ин кумитаҳо, ки «Алзаҳф Алахзар», сомонаи интернетии марбут ба ин ниҳодҳои ҳомии низоми ҳокими Муаммар Қаззофӣ нашр кард, низом ва раҳбараш «хатти сурх»-е унвон шудаанд, ки ҳар касе аз он убур кунад, «ба ҷони худ ва бо оташ ва бозӣ мекунад.» Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки ба дунболи «Рӯзи ғазаб» эътирозҳои зидди Қаззофӣ дар Либия шаби гузашта низ давом карда, дар Бенғозӣ ва Байда ҳазорон нафар ба хиёбонҳо рехтаанд. Дар бораи ошӯбҳо дар чанд шаҳри дигари ин кишвари арабии шимоли Африқо низ гузориш шудааст. Ҳюман Райтс Вотч, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, рӯёрӯиҳои байни тазоҳургарон ва нирӯҳои амниятии Либия то кунун 24 кушта ба ҷо гузошт. Қаззофӣ аз соли 1969, 42 сол боз раҳбари Либияро дар даст дорад. Ошӯбҳо дар Либия ба дунболи эътирозҳо дар кишварҳои ҳамҷавораш аст, ки мунҷар ба суқути ҳокимони Мисру Тунис шуд.
XS
SM
MD
LG