Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ироқиҳо дар Кут


Ҳудуди 2000 нафар имрӯз ба идороти давлатии Ироқ дар шаҳри Кут ҳамла оварда, талош кардаанд, дафтари волии вилояти Воситро оташ бизананд. Ассошиэйтед Пресс аз қавли сухангӯии волии Восит навишт, ки дар ҷараёни эътирозҳои Кут дастикам 13 нафар ҷароҳат бардоштанд. Франс Пресс аз қавли мақомоти пулис ва бемористон дар бораи ҳалокати як нафар аз дасти нирӯҳои амниятӣ ва захмӣ шудани наздики 30 нафар хабар медиҳад. Дар пайи эътирозҳои Тунису Миср, ироқиҳо низ бо талаби арзаи хубтари хадамот, аз ҷумла нирӯи барқ, эътирозҳои хурде баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG