Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии тарафдорони давлат бо мухолифон дар Теҳрон


Тарафдорони давлати Эрон имрӯз дар маросими ёдбуди як донишҷӯи дар тазоҳуроти ду рӯзи пеш кушташуда бо мухолифин вориди даргирӣ шуданд. Сонеъ Жола рӯзи душанбе дар ҷараёни бузургтарин эътирозҳои зиддидавлатӣ дар бештар аз як соли охир кушта шуд. Мухолифин мегӯянд, ӯ яке аз эътирозгарон буд, вале мақомот Сонеъ Жоларо узви нирӯҳои амниятӣ ном мебаранд, ки аз сӯи гурӯҳи чирикии Муҷоҳидини халқ кушта шуд.
Додситони кулли Эрон Мӯҳсин Эҷеӣ имрӯз ҳушдор дод, ки алайҳи Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубӣ ба маҳзи даъват ба эътирозҳои рӯзи душанбе иқдом хоҳад шуд.
Дирӯз вакилони тундрави Маҷлиси Эрон ба муҳокима ва ҳукми эъдоми раҳбарони мухолифин даъват карданд. Режими Эрон рӯзи ҷумъа дар Теҳрон бо шиори изҳори адоват ба мухолифин як раҳпаймоӣ даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG