Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби эъдоми ду раҳбари мухолифини Эрон


Ба думболи тазоҳурот дар Эрон, ки бо ҳалокати ду нафар ва захмӣ шудани даҳҳо нафар анҷомид, теъдоде аз вакилони мардумии ин кишвар хостори эъдоми раҳбарони мухолифин Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубӣ шудаанд. Рӯзе душанбе ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Теҳрон ба хиёбонҳо рехта ва бо нишони ҳамраъйӣ бо қиёмҳои мардумӣ дар Мисру Тунис тазоҳурот карданд. Хабаргузории расмии ИРНА мегӯяд, аз 290 вакили порлумони Эрон, 222 нафар баёнияеро имзо кардаанд, ки дар он Мирҳусайнӣ Мӯсавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ “муфсиди филарз” хонда шудаанд, ки барои ин ҷиноят дар Эрон ҳукми қатл муқаррар шудааст. Рӯзи душанбе маъмурони амниятӣ нагузоштанд, то Мусавӣ ва Каррубӣ дар тазоҳурот ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG