Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Миср мегӯяд ба аҳдаш содиқ аст


Артиши Миср гуфт, умедвор аст, дар зарфи шаш моҳ, зимоми умури кишварро ба ҳукумати интихобӣ хоҳад супурд. Ин баёнияи Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср, аломати возеҳи он аст, ки артиши Миср ба аҳди худ барои баргузории интихобот ва супурдани зимоми умур ба дасти ҳукумати мардумӣ содиқ аст. Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср, рӯзи ҷумъа таҳти фишори қиёми мардумӣ истеъфо дод. Шӯрои олӣ, ҳамчунин гурӯҳи коршиносонро ташкил додааст, то барои фароҳам кардани шароит барои баргузории интихоботи озод, Қонуни асосии ин кишваро ислоҳ мекунанд. Ихвон Ул Муслимин, як гурӯҳи мазҳабӣ, ки фаъолияташ дар Миср мамнӯъ буд, гуфт, бо истиқрори демократия дар кишвар, ҳизби сиёсиашро таъсис хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG