Пайвандҳои дастрасӣ

Обама буҷаи соли ояндаи Амрикоро муаррифӣ кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико буҷаи 3 триллиону 730 миллиардолларии ин кишвар барои соли 2012 муаррифӣ кард, ки бешак набарди сиёсиеро бо ҷумҳурихоҳон бармеангезад. Ҳизби Ҷумҳурихоҳ мегӯяд, ҳукумати Обама, харҷи буҷаро ба қадри кофӣ кам накардааст. Барак Обама зимни суханронӣ дар шаҳри Балтимор аёлати Мериленд гуфт:"Вақте ман ба ҳайси раиси ҷумҳур савганд хӯрдам, қавл додам, ки то охири даври аввали раёсати ҷумҳуриам, дефитсити буҷаро ним баробар коҳиш хоҳам дод. Буҷае, ки имрӯз пешниҳод мекунам, мувофиқ ба аҳди додаам аст ва моро дар роҳе қарор медиҳад, ки пули ончиро ки то нимаи даҳсола сарф кардем, бипардозем." Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, ки Маҷлиси Намояндагони Амрикоро дар даст дорад, мегӯяд, коҳиши хароҷоти буҷа барои кам кардани дефитсити он кофӣ нест. Ҷон Боҳнер, раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, дар тарҳи буҷа, "хароҷоти бисёр зиёд, қарзгирии бисёр зиёд, ва молиётбандии бисёр зиёд” пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG