Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналист Даминова аз ҷавобгарӣ озод шуд


Додгоҳ журналисти пешини телевизион, Ҳуснигул Даминоваро аз ҷазо озод ва ба муолиҷа маҷбур кард.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки зимни шикояти раиси Кумитаи давлатии Радио ва Телевизиони Тоҷикистон, Асадуллоҳ Раҳмонов, парвандаи авбошии хонуми Даминоваро баррасӣ кард, ба муолиҷаи ҳатмии равонпизишкии ӯ ҳукм дод.

Додрас Малоҳат Домуллоҷонова ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхис нишон додааст, ки хонуми Даминова ба ҷурме айбдор мешуд, ки дар ҳолати бӯҳрони шадиди равонӣ содир кардааст: "Қонунггузорӣ ин эҳтимолро дар назар гирифтааст, ки агар дар ҳақиқат шаҳрванд ҳангоми амали авбошӣ аз лиҳози равонӣ дарк накунад, ки чӣ карда истодааст, додгоҳ ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо мекунад."

Ҳуснигул Даминова, муаллифи барномаи маъруфи телевизионии «Инсон ва қонун» дар моҳи апрели соли 2010 бо фармони раиси кумита, Асадуллоҳ Раҳмонов, барканор гашта, баъдтар алайҳи ӯ бо ҷурми авбошӣ парванда боз шуд.

Ба қавли яке аз наздикони Ҳуснигул Даминова, вақте ки ӯ хостааст дар масъалаи манзилгоҳ бо Раҳмонов сӯҳбат кунад дарбонҳо барояш иҷозаи вуруд надодаанд ва ӯ аз сари хашм раиси кумитаро дашном додааст. Посбонони даромадгоҳ садои ӯро забт карда, наворро ба раиси кумита додаанд.

Ин манобеъ мегӯянд, хонум Даминова рӯзи дигар бидуни иҷоза ба утоқи раиси кумита ворид шуда, бо ӯ баҳси тезутунд кардааст. Дар пайи ин баҳс Асадулло Раҳмонов, раиси кумитаи давлатии радио ва телвизиони Тоҷикистон ба бахши умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст.

Аммо ин кашокаш дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки Даминова қаблан низ барои вайрон шудани навбати хонагирӣ бо раис баҳс карда, аз кор ронда шудааст, вале бо қарори додгоҳ ба мақомаш барқарор гашт. Дар ин байн ҳаққи гирифтани манзил барои ӯ лағв шуда буд.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев, ҳукми дордгоҳро дар баробари хонум Даминова одилона номид. Ба қавли вакили мудофеъ Қимматгул Розиева, агар додгоҳ бемории равонии Даминоваро ба назар намегирифт, журналист метавонист ба муддати аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Ҳуснигул Даминова 16 сол дар Телевизиони Тоҷикисон ба ҳайси хабарнигор фаъолият намуда, муаллиф ва муҷрии барномаи маъруфи «Инсон ва Қонун» буд.

Хонуми Даминова дар рӯзҳое ин намоиши ҳассоси телевизиониро таҳия мекард, ки кишвар нав аз нооромиҳои дохилӣ берун меомад ва барои як журналисти телевизион хеле ҷасорат мехост, ки аз ҷурму ҷиноят ва қонунмандӣ дар он рӯзҳо сӯҳбат кунад.
XS
SM
MD
LG