Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ноҳия шикояти ҷавобии "Азия-Плюс"ро напазируфт


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аризаи ҷавобии нашрияи “Азия-Плюс”-ро бар зидди Анвар Тағоймуродов-сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рад кард. Нусратуллои Асадулло-қозии додгоҳ изҳор дошт, ки Марат Маҳмадшоев-сардабири нашрияи “Азия-Плюс” ҳақ надорад аз номи худ ба додгоҳ чунин ариза нависад. Барои чунин кор Марат Маҳмадшоев аз Умед Бобохонов-муассиси ин нашрия бояд забонхат дошта бошад. Тағоймуродов ба додгоҳ шикояш бурда буд, ки нашрияи “Азия-Плюс” дар мақолае ба эътибори вай чун корманди ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ латма задааст. Вале нашрия ин иддаоро намепазирад.
XS
SM
MD
LG